Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон сеяки қарзашро ба СБП баргардонд


Шариф Раҳимов-раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарие дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки кишвараш 15 милён доллар қарзи Сандуқи Байналмиллалии Пулро баргардонидааст. Ин 15 милён доллар аз ҷумлаи беш аз 47 милён доллар қарзест, ки Тоҷикистон бо нақзи муқаррароти молии байналмиллалӣ аз Сандуқи Байналмиллалии Пул гирифта буд. Моҳи марти соли ҷорӣ ин муассисаи молии ҷаҳон тақозо кард, ки Тоҷикистон бояд ин маблағро бо дарсадиҳои ба даст овардааш баргардонад. Ҳамаи ин маблағи қарз бояд то 5-уми февлаи соли оянда, яъне то чаҳор моҳи дигар баргардонида шавад.
XS
SM
MD
LG