Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 3 сарбоз, 1 афсари пулис ва 18 ҷангӣ


Normal 0

Мақомот мегӯянд, рӯзи чоршанбе инфиҷори бамб дар ғарби Афғонистон ба як мошини ҳомили нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико асобат карда, мунҷар ба ҳалокати 3 сарбоз шуд. Бахши аъзами нирӯҳои ин эътилоф амрикоиянд.

Дар ҳамин ҳол, таркиши маводи мунфаҷирае, ки ба як хар бор карда буданд, дар вилояти Қандаҳор ба мошини дидбонии пулис асобат карда ва як афсари пулисро кушта барҷой гузошт.

Ва 15 ҷангӣ рӯзи чоршанбе бар асари ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои Амрико дар вилояти Урузгон кушта шуда, 3 ҷангии дигар дар улусволии Болобулуқи вилояти Фараҳ дар ҷараёни як амалиёт дар ғоре кушта шуданд, ки барои чирикиҳо ҳамчун паноҳгоҳ хидмат мекард.


XS
SM
MD
LG