Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар задухӯрдҳои Урузгон 55 ҷангӣ кушта шуданд


Normal 0

Нирӯҳои Амрико мегӯянд, дар як задухӯрд дар вилояти Урузгони Афғонистон 55 ҷангӣ ва 3 маъмури пулиси афғон кушта шуданд. Ин даргирӣ дар пайи ҳамлаи чирикиҳо ба нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ ва Урдуи миллӣ рух дод.

Дар ҳоли ҳозир, дар Афғонистон ҳудуди 60 000 сарбози хориҷӣ ба Урдуи Афғонистон дар набард алайҳи ҷангиёни толиб кӯмак мерасонанд. Мақомоти Кобул мегӯянд, Толибон дар ин авохир аз ҳисоби ҷангиёне, ки аз Ироқ мерасанд, соҳиби нерӯи бештар шудаанд.


XS
SM
MD
LG