Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои хориҷӣ иштибоҳан 9 сарбози афғонро куштаанд


Вазорати дифоъи Афғонистон гуфтааст, шаби гузашта нируҳои хориҷӣ дар вилояти Хуст дар як ҳамлаи ҳавоӣ 9 сарбози афғонро куштаанд ва се нафари дигарро захмӣ кардаанд. Сарҳанг Грек Ҷулиан-сухангуи нируҳои Амрико дар Афғонистон таъйид кардааст, ки дар вилояти Хуст ҳодисае рух додааст, вале гуфтааст, ки дар бораи ҷузъиёти он хабаре дар ихтиёр надорад. Ҳукумати Афғонистон шиква кардааст, ки нируҳои хориҷӣ бо ҳакорони афғонии худ фаъолияташонро дақиқ ҳамоҳанг намекунанд ва ҳамин гуна иштибоҳҳо сар мезанад.
XS
SM
MD
LG