Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар истихроҷи нафти Узбакистон саҳм мегирад


Ширкати "China National Petroleum Corp" ва ё CNPC, ки бузургтарин ширкати нафти Чин мебошад, бо ширкати давлатии Узнефтегази Узбакистон дар мавриди истихроҷу коркарди муштараки нафт аз кони Мингулаки ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ созиш ба имзо расонд. Тахмин шудааст, ки захираи кони Мингулак 30 миллион тонна нафтро ташкил дода, аз он солона то ду миллион тонна нафт истихроҷ кардан мумкин аст.

Чин асосан аз бозорҳои Ховари Миёна ва ҳавзаи уқёнуси Ором маводи сӯхт мехарад, вале Осиёи Марказӣ, ки аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ ба Чин наздик мебошад, ҳар чӣ бештар таваҷҷӯҳи мақомоти Пекинро ба худ ҷалб мекунад.
XS
SM
MD
LG