Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқболи Лукашенко аз гузаштҳои ахири ИА


Normal 0

Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гузаштҳои ахири Иттиҳодияи Аврупо барои ӯву мансабдорони дигари давлаташро “ гоми кӯчак, вале муҳим” ба қалам дод.

Лукашенко дар Минск ба хабарнигорон гуфт, ҳамаи мавонеъ аз роҳи гуфтугӯ бардошта шуданд ва Минск акнун дар ин роҳ гомҳои зиёде хоҳад бардошт.

Иттиҳодияи Аврупо дар ҳафтаи гузашта ба дунболи аз маҳбасҳои Беларус раҳо шудани ҳамаи маҳбусони сиёсӣ таҳримоташ алайҳи Минскро сабуктар кард ва аз ҷумла қарори қаблиашро, ки ироаи раводиди сафар ба Александр Лукашенко ва чандин мақоми дигари давлати ӯро манъ мекард, ба ҳоли таълиқ овард. Аммо ин гузашти Бруксел ба раиси кумиссиюни интихоботи Беларус ва мансабдороне, ки дар ғайб задани фаъолони сиёсӣ даст доштанд, дахл надорад.


XS
SM
MD
LG