Пайвандҳои дастрасӣ

Додхоҳии сокинони як рустои Ҳилманд


Normal 0

Сокинони як рустои Афғонистон ҷасади 17 нафар мардуми осоишта, аксаран кӯдаконро ба назди идораи ҳукумати маҳаллӣ оварда ва гуфтаанд, ки ин афрод бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО кушта шудаанд. Мақомоти вилояти Ҳилманд таъйид карданд, ки рӯзи панҷшанбе дар ноҳияи Нодалии вилоят нерӯҳои маҳаллӣ бо ҳимояти ҳавопаймоҳои НАТО бо гурӯҳе аз ҷангиёни Толибон ҷангида ва чанде аз онҳоро куштаанд. Аммо сухангӯи волии Ҳилманд мегӯяд, ҳоло маълум нашудааст, ки мардуми ғайринизомӣ бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои НАТО ва ё ҷангҷӯёни Толиб ҷон додаанд. Мақомоти Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ мегӯянд, ки иддаъои рустонишинонро таҳқиқ мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG