Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе дар Киев сафорат боз мекунад


Normal 0

Тоҷикистон дар Украина сафорат боз мекунад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон аз ҳукумат хостааст, сохтор, ҳайъати кормандон ва маблағи лозим барои фаъолияти ин сафоратхонаро муайян кунад.

Ифтитоҳи сафорат дар Киев, ки сафоратхонаи 22-юми Тоҷикистон хоҳад шуд, тибқи тавофуқоти моҳи март дар ҷараёни сафари расмии раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко бадастомада сурат мегирад. Идораҳои дипломатии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар хориҷ аз 21 сафоратхона, 3 консулгарӣ ва як намояндагии доимӣ дар СММ иборат аст.


XS
SM
MD
LG