Низомиёни Британия мегӯянд, бар асари таркиш дар вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон як сарбози ин кишвар ба ҳалокат расид. Ба қавли вазорати мудофиаи Британия сар аз оғози амалиёти низомӣ дар Афғонистон дар охири соли 2001-ум то имрӯз дар ин кишвар 121 низомии Британия кушта шудаанд.