Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Боризонӣ бо фиристодаи Анкара


Normal 0

Дирӯз дар минтақаи сабзи Бағдод, ки таҳти ҳифозати шадиди нирӯҳои Амрико қарор дорад, барои нахустин бор дар 4 соли охир мулоқоти байни мақомоти Туркия ва Масъуди Боризонӣ, раҳбари Курдистони Ироқ доир шуд.

Ҳадаф аз ин мулоқот ба қатъи ҳамалоти чирикиҳои курд алайҳи Туркия ташвиқ кардани курдҳои ироқӣ буд.

Фиристодаи хоси Туркия дар Ироқ Мурод Озчелик гуфтааст, мулоқот дар як фазои мусбат гузашт ва ҷониби Туркия ба нигарониҳои амниятии курдҳои ироқӣ дар пасманзари амалиётҳои низомие, ки артиши Туркия алайҳи чирикиҳои курд дар шимоли курднишини Ироқ доир мекунад, посух додаанд.


XS
SM
MD
LG