Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши HIV дар Эрон


Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон шумори мубталоёни вируси заъфи масунияти бадан СПИД 30 % афзоиш ёфта дар як соли гузашта ба 18,320 нафар расидааст. Дар гузориши вазорати беҳдошти ин кишвар гуфта мешавад, ки бар асари ин маризӣ 2800 нафар ҷон додаанд. Дар Эрон сабаби аслии густариши вируси HIV дар истифодаи сӯзандоруҳои олуда аз ҷониби нашъамандон гуфта мешавад. Аҳолии Ҷумҳурии Исломӣ аз 71 миллион нафар бештар аст ва дар ин кишвар ду миллион мӯътоди маводи мухаддир ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG