Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии қиматҳо дар бозорҳои молии дунё


Normal 0

Дар пайи иқдомоти кишварҳои Аврупо ҷиҳати иттихози 2 триллиону 300 миллиард доллар ба хотири раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ, нишондиҳандаҳои аслии бозорҳои молӣ ва ҳам нархи нафт боло рафт. Шохиси санъатии Дав Ҷонс, як нишондиҳандаи умдаи бозори молии Амрико 936 нуқта афзуда, ба силсилаи уфтҳои ҳафтаи гузаштааш поён дод.

Се шохиси умдаи бозори Амрико дар маҷмӯъ 11 дарсад, дар Олмон – низ 11 фоиз, дар Ҷопон - 10 ва дар Бритониё 8 дарсад боло рафта, нархи як бушкаи нафти хом дар Ню-Йорк ба 81 доллар расид.


XS
SM
MD
LG