Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cадҳо миллиард доллар барои рафъи бӯҳрон


Ҳукуматҳои Аврупо барномаи наҷоти бонкиро эълон карданд, ки садҳо миллиард доллар арзиш дошта, ҳадафаш эҳёи эътимод ба низоми молист. Ҳукумати Олмон қарор кард бо 650 миллиард доллар саҳмияи бонкҳоро харидорӣ ва қарзҳои навро пуштибонӣ кунад. Барномаи Фаронса 490 ва Бритониё 865 миллиард долларро ташкил дод. Ин тасмимҳо дар ҳоле гирифта шуд, ки 15 кишвари истифодабарандаи пули евро ваъда доданд, муштаракан ба бӯҳрон муқовимат кунанд ва ба фурӯ афтодани ягон ниҳоди бузурги молӣ имкон надиҳанд.
XS
SM
MD
LG