Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шохисҳо ва нархи нафт дар Осиёву Уқёнусия


Бозорҳои бурси Осиё ва Уқёнусия субҳи имрӯз дар пайи иқдомоти ахири раҳбарони ҷаҳон алайҳи бӯҳрони молӣ бо афзоиши шохисҳо ба тиҷорат оғоз кардаанд. Нишондиҳандаи аслии бозори Австралия беш аз 5 ва шохиси асосии бозори молии Кореяи ҷанубӣ беш аз 3 дарсад боло рафт. Дар Ҷопон аммо имрӯз бозорҳо таътил будаанд.
Арзиши нафт низ имрӯз дар ин бозорҳо боло рафта, як бушкаи нафти хом субҳи имрӯ бо нархи бештар аз 80 доллар ба фурӯш мерафт, ки назар ба соъоти поёнии фурӯши рӯзи ҷумъа дар бозори Ню-Йорк 3 доллар бештар аст.

Шоми якшанбе нишасти раҳбарони 15 кишвари минтақаи евро, бо ҷамъи Бритониё, дар Порис дар мавриди як барномаи муштараки муқобила ба бӯҳрони ҷаҳонии молӣ тааҳҳуд кард. Рӯзи шанбе кишварҳои узви гурӯҳи Ҷи7 бо ширкати Сандуқи байналмилалии пул дар Вошингтон аз иттихози як барномаи фарогир бар зидди бӯҳрон хабар доданд. Ва қарор аст, имрӯз Фаронса, Олмону Итолиё ва дигар кишварҳои Аврупо барномаҳои миллии муқобила бо бӯҳрони молиро эълом кунанд.


XS
SM
MD
LG