Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои хунин дар Оракзай ва Боҷаур


Normal 0

Нирӯҳои Покистон мегӯянд, дар ду сарзамини қабиланишини шимолу ғарб дар наздикии марз бо Афғонистон даҳҳо тан аз ҷангиёни тарафдори Толибонро ба ҳалокат расондаанд. Сипоҳи шибҳанизомии қабоил дар як баёния гуфтааст, 27 нафаре, ки бовар меравад, чирикӣ бошанд, бо шумули ду фармондеҳи муҳими ҷангиён, дар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ дар минтақаи қабиланишини Оракзай кушта шуданд. Тибқи ин баёния, тақрибан нисфи кушташудагон онҳое будаанд, ки ба ҳамалоти маргталабона омода мешуданд.

Ин ҳамалот алайҳи ҷангиён дар Оракзай дар пайи ҳамлаи интиҳории рӯзи ҷумъа гирифта шуд. Дар асари он ҳамла шуморе аз мардумии бумӣ, ки зидди Толибон буданд, кушта шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти Покистон, ҳамин тавр теъдоде аз ҷангиён дар минтақаи қабиланишини Боҷаур кушта шудаанд.


XS
SM
MD
LG