Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вузарои ИА бо фиристодаи аршади Минск


Normal 0

Вазирони хориҷаи кишварҳои узви ИА рӯзи душанбе дар Люксембург бо ҳамтои беларуси худ Сергей Мартинов мулоқот мекунанд. Ин нахустин мулоқоти дар чунин сатҳи баланд бо Беларус дар чанд соли охир маҳсуб мешавад.

Қарор аст, дар Люксембург масоили коҳиш додани таҳримоти Аврупо алайҳи Беларус ва лағви қарори манъи ироаи раводиди сафар ба мансабдорони беларусӣ баррасӣ шавад.

ИА ироаи раводид ба раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ва мансабдорони дигари давлати ӯро ба далели нақзи ҳуқуқи башар ва озодиҳои демократӣ манъ карда буд.

Лукашенко дар пайи баҳсаш бо Маскас бар сари нархи маҳсулоти энержӣ нисбат ба Аврупо як каме нармӣ нишон дод, ки мехоҳад равобиташ бо Ғарбро беҳбуд бубахшад.


XS
SM
MD
LG