Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия интиқоди Фаронсаро рад кард


Normal 0 Сергей Лавров - вазири умури хориҷаи Русия, интиқоди давлати Фаронсаро рад кард, ки мегӯяд, Русия созиши оташбас бо Гурҷистонро пурра иҷро накардааст. Бернард Кушнер – вазири умури хориҷаи Фаронса, рӯзи ҷумъа гуфт, ба иддаъои Гурҷистон мувофиқ аст, ки сарбозони Русия бояд Ахалгорӣ, минтақаи баҳсбарангези Осетияи Ҷанубиро, тарк мекарданд. Аммо Сергей Лавров ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, Ахалгорӣ дар қаламрави Осетияи Ҷанубӣ аст ва сарбозони Русия набояд онро тарк кунанд. Сергей Лавров ҳамчунин гуфтааст, дар ҳамоиши байналмилалӣ дар мавриди ҳалли муноқишаи Гурҷистон, ки ҳафтаи оянда дар шаҳри Женева баргузор мешавад, бояд намояндагони Осеияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ҳам ширкат дошта бошанд. Русия баъди муноқишаи кӯтоҳе бо Гурҷистон дар моҳи август, ин ду минтақаи ҷудоихоҳро ҳамчун кишвари мустақил ба расмият шинохт.
XS
SM
MD
LG