Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи нируҳои Руссия аз Гурҷистон такмил мешавад


Марат Қулаҳмедов-фармондеҳи нируҳои Руссия дар Осетиёи Ҷанубӣ гуфтааст, воҳидҳои низомии онҳо хуруҷ аз минтақаҳои ҳоили Гурҷистонро оғоз кардаанд ва дар зарфи 24 соъат, яъне рузи чаҳоршанбе хуруҷи комили онҳо поён меёбад. Марат Қулаҳмедов мегуяд, шаш посгоҳи боқимондаи дигар субҳи рузи чаҳоршанбе тахлия хоҳанд шуд. Тибқи тавофуқоти оташбаси миёни Руссияву Гурҷистон, нируҳои Руссия бояд то рузи ҷумъа ҳамаи нируҳои худро аз атрофи Абхозистон ва Осетиёи Ҷанубӣ фаро хонанд.

XS
SM
MD
LG