Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҳрон дар бозорҳои саҳоми Аврупо идома дорад


Қабл аз зуҳри имруз низ нархи саҳом дар бозорҳои аслии Аврупо ҳамчунон поин рафт. Вале дар муқоиса бо рузи душанбе поин омадани нархи саҳом чандон шадид набудааст ва бозорҳои саҳоми Лондону Порис ва Франкфурт аввалин даромадҳои худро захира кардаанд. Аммо хабарҳо аз кишварҳои нафтхези Халиҷи Форс хушҳолкунанда нест. Нархи саҳом дар бозори Арабистони Саъудӣ, ки бузургтарин бозор дар минтақа ба шумор меравад, 9 дарсад поин рафтааст. Дар бозорҳои дигари Осиёӣ низ нархи саҳом дар нахусин соъатҳои тиҷорат поин рафтааст. Вазирони молии кишварҳои аврупоӣ ба дуввумин рузи мулоқоти худ идома медиҳанд, то роҳҳои рафъи ин буҳронро пайдо кунанд. Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Руссия даъват кардааст, ки барои рафъи буҳрон бояд тадбирҳои фаврии байналмиллалӣ андешида шавад.

XS
SM
MD
LG