Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин барандаи ҷоизаи Нобел муаррифӣ мешавад


Normal 0

Қарор аст, дар ин ҳафта исми барандагони ҷоизаҳои имсолаи Нобел эълон шавад. Имрӯз исми барандаи ин ҷоиза дар илми тибб, рӯзи сешанбе – дар илми физика, рӯзи чоршанбе - дар илми кимиё ва рӯзи панҷшанбе – барандаи ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиёт муаррифӣ хоҳанд шуд. Исми барандагони ин 5 ҷоизаи аввали Нобелро Фарҳангистони улуми Шветсия дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Стокҳолм, ва аммо исми барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобелро рӯзи ҷумъа Фарҳангистони улуми Норвегия дар Осло эълон хоҳанд кард.

Маъракаи муаррифии барандагони ҷоизаҳои Нобел рӯзи 13 октябр бо эълони исми баранда ё барандагонаш дар улуми иқтисод ба поён хоҳад расид. Ҷоизаи Нобелро соҳибкори швед ва кошифи динамит Алфред Нобел таъсис дода, бори аввал ин ҷоиза соли 1901 эъто шуда буд.


XS
SM
MD
LG