Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс: Амрико нуфузи Руссияро заъиф намекунад


Имруз Кондолизза Райс-вазири хориҷаи Амрико суханонеро рад кард, ки гуё талошҳои Амрико барои барқарор кардани муносиботи наздик бо Қазоқистон бад-он маъност, ки нуфузи Руссия дар минтақа заъиф шавад. Хонум Райс ба рузноманигороне, ки уро дар боздид аз Остона ҳамроҳӣ мекунанд, изҳор дошт, ки зарурати пешрафтҳои Амрико маънии бохти Руссия дар минтақаро надорад. Вай гуфт, Вошингтон ҳеҷ ақидаеро дар мавриди соҳаи нуфузи Руссия дар Осиёи Марказӣ қабул надорад ва Қазоқистон метавонад бо ҳар касе, ки худаш мехоҳад дустӣ дошта бошад. Интизор меравад, ки хонум Райс роҷеъ ба масъалаи таъминоти энержӣ бо раҳбарони Қазоқистон ба музокира биншинад.

XS
SM
MD
LG