Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳои интиҳорӣ дар назди масоҷиди шиъаҳо


Normal 0

Дар асари ду инфиҷори интиҳории бамб дар ҳошияи масоҷиди шиъаҳо дар Бағдод дасти кам 16 нафар кушта шуданд.

Ин ду таркиш замоне рух дод, ки шиъаҳои ироқӣ аз поёни моҳи Рамазон ва аз иди Фитр таҷлил мекарданд.

Як таркиш дар назди масҷиди Ҷадида ва инфиҷори дуввум дар посгоҳи воқеъ дар наздикии масҷиде дар ҳошияи минтақаи Заъфарония рух додаанд.

Рӯзи чоршанбе дар асари таркиши мошини бамбгузоришуда дар масҷиди Балод, дар шимоли Бағдод, 4 нафар кушта шуда ва 15 тан ҷароҳат бардошта буданд.


XS
SM
MD
LG