Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоизи баргаҳои қарз дар Аврупо бетағйир монд


Normal 0

Бонки марказии Аврупо рӯзи панҷшанбе қарор кард, фоизаи баргаҳои қарзро бидуни тағйир, дар ҳамон сатҳи қаблии 4,25 дарсад боқӣ гузорад. Раиси Бонки Аврупо Жан Клод Трише ҳамзамон бо ишора ба камтар шудани фишори таваррум гуфт, шӯрои ҳуккоми Бонки марказии Аврупо тасмим гирифтааст, ба хотири мусоидат ба рафъи бӯҳрони ҷаҳонии молӣ фоизи баргаҳои қарзро пойин бубарад.

Ин изҳорот билофосила бозорҳоро нигарони эҳтимоли пойин рафтани фоизи баргаҳои қарз дар Аврупо кард ва дар натиҷа қурби евро дар муқобили доллари амрикоӣ башиддат пойин рафт. Дирӯз 1 евро 1 доллару 38 сент арзиш дошт, ки натиҷае барои 13 моҳи ахир бесобиқа унвон мешавад.


XS
SM
MD
LG