Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони кирояи хориҷӣ дар артиши Русия


Хабаргузории Интерфакс менависад, ки дар миёни сарбозони шартномавие, ки дар нирӯҳои мусаллаҳи Русия хизмат мекунанд, исми ҳудудан 90 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам зикр мешавад. Куллан шумори сарбозони хориҷиро дар ҳайати артиши Федератсияи Русия мақомоти ситоди нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар ҳудуди 300 нафар арзёбӣ мекунанд. Тибқи иттилои муовини раиси ситоди нирӯҳои мусаллаҳи Русия генерал-полковник Василий Смирнов, баъди се соли хизмат сарбози кироя метавонад барои дарёфти ҳақи шаҳрвандӣ муроҷиат кунад. Шумори сарбозони шартномавии тоҷикистонӣ дар артиши Русия назар ба шаҳрвандони дигар ҷумҳуриҳо ба маротиб зиёд будааст. Дигар сарбозон шаҳрвандони Ӯзбакистон, Озарбойҷону Арманистон, Қазоқистон, Беларусия, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон ва Украина мебошанд.

XS
SM
MD
LG