Пайвандҳои дастрасӣ

Суханронии қарибулвуқӯъи Буш доир ба бӯҳрон


Интизор меравад, ки имруз Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико дар бораи барномаи наҷоти молии ин кишвар суханронӣ кунад. Рузи душанбе Маҷлиси Намоядагони Конгресси Амрико ин барномаро рад кард. Давлати Ҷорҷ Буш ба хотири танзими вазъи молии кишвараш тарҳи барномаи молии 700 милярд доллариро барои тасвиб ба Конгресс пешниҳод кардааст. Баъд аз ноком шудани ин барнома дар Конгрес оқои Буш гуфт, вай аз чунин кор хеле "муттаассиф" аст. Давлати Ҷорҷ Буш мегуяд, ин маблағи пешниҳодӣ имкон медиҳад, ки қарзҳои бонкӣ пардохт шавад ва низоми додани қарзаҳои бонкӣ низ ба раволи маъмулӣ баргардад. Вале коршиносон мегуянд, ки чунин кор нархи саҳҳомро на танҳо дар бозорҳои Амрико, балки дар бозорҳои ҷаҳонӣ поин меорад.
XS
SM
MD
LG