Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назарҳо ба парвандаи Додоҷони Атовуллоҳ


Додоҷони Атовуллоҳ, шаҳри Душанбе, соли 2004

Додоҷони Атовуллоҳ, шаҳри Душанбе, соли 2004

Дар байни созмонҳои ватаниву хориҷӣ боз намудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи журналисти шинохта Додоҷони Атовуллоҳ вокунишҳои мухталиферо ба бор овардааст.

Бунёди дифоъ аз озодии баён дар Русия ва Pen-club ё маҳфили “Хома”-и ин кишвар дар як паёми катбӣ аз раисҷумҳур ва додситони кулли ин кишвар тақозо кардаанд, то аз истирдоди Додоҷони Атовуллоҳ, сардабири нашрияи дар Русия нашршавандаи “Чароғи рӯз” ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд. Дар ҳамин ҳол, Алексей Симонов, раиси Бунёди дифоъ аз озодии баён, истирдоди эҳтимолии Д. Атовуллоҳ ба Тоҷикистонро ҷиноят талаққӣ кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон дар як нишасти матбуъотӣ эълом кардааст, ки бо иттиҳоми тавҳин ба раисҷумҳури кишвар ва даъват ба кудатои сиёсӣ дар ҷумҳурӣ алайҳи Додоҷони Атовуллоҳ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст ва аз мақомоти Русия тақозои истирдоди ӯро хоҳад кард.

Ин ду созмони русӣ аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки имкон дорад ҷиҳати истирдоди журналисти тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар миёни гурӯҳҳое дар ду кишвар тавофуқ ҳосил шуда бошад. Зеро, шарҳ додаанд ин созмонҳо, дар акси ҳол додситонии кулли Тоҷикистон ин мавзӯъро дар як нишасти матбуъотӣ матраҳ намекард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Додоҷони Атовуллоҳ чанд сол қабл бо дархости мақомоти ватанаш аз тарафи пулиси Русия дар фурӯдгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав боздошт шуда буд. Он вақт баъд аз ба тарафдории Додоҷони Атоуллоҳ дар рӯзномаи “New York Times” нашр шудани як матлаб ва пуштибонии расмии Йошка Фишер, вазири вақти хориҷаи Олмон, аз ӯ мақомоти русӣ Д. Атовуллоевро озод карда буданд.

Дар паёми мазкур, аз ҷумла омадааст, ки алайҳи Додоҷони Атовуллоҳ аз тарафи додситонии кулли Тоҷикистон боз кардани парвандаи ҷиноӣ аслан ангезаи сиёсӣ дорад. Ба эътиқоди ин созмонҳои русӣ, мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, ки ба ин васила рақиби сарсахти сиёсии худро саркӯб кунанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили иттилоъотии Тоҷикистон, низ ба ҳамин назар аст ва аз иқдоми ин созмонҳои русӣ пуштибонӣ мекунад: “Сарқонуни Тоҷикистон, қонуни матбуъот, ҳамчунин меъёрҳои байнулмилалӣ дар робита ба озодии баён ба Додоҷони Атовуллоҳ тазмини озодии баёнро додаанд ва барои озодандешӣ таъқиб кардани журналист хилофи қавонини Тоҷикистон ва меъёрҳои байнулмилалист. Аз сӯи дигар, додситони кулли кишвар бояд на танҳо аз ҳуқуқи мақомдорон дифоъ кунад. Алайҳи Додоҷон Атовуллоев аз сӯи додситони кулл парвандаи ҷиноӣ боз кардан ҷуз ангезаи сиёсӣ чизи дигареро дунбол намекунад, ба ин далел, ки ба чи далел дафтари раёсатҷумҳурӣ барои мақолаҳои Атовуллоев, ки гӯиё ба раиси ҷумҳур тавҳин намудааст, ба додгоҳ муроҷиъат накардааст”.

Бо вуҷуди ин, Н. Қаршибоев баъид медонад, ки мақомоти зирабти Русия дар истирдоди Додоҷони Атовуллоҳ ба Тоҷикистон иқдом кунанд.

Мухтори Боқизода, раиси Хазинаи гиромидошти журналистони фақиди Тоҷикистон, низ мутмаъин аст, ки иддаъоҳои додситонии кулли кишвар дар нисбати оқои Атоуллоҳ аз ангезаи сиёсӣ бархӯрдор аст. Вагарна, суъол мегузорад М. Боқизода, чаро ин қаблан додситонӣ Додоҷони Атовуллоҳро барои, ба қавли худ, чопи мақолаҳое, ки дар онҳо “тавҳин ба раисҷумҳур” бошад, ба додгоҳ накашид?

Дар ҳамин ҳол, ҳарчанд Акбари Саттор, раиси Итттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, истирдоди оқои Атовуллоҳро баъид медонад, ҳангоми суҳбат бо родиюи “Озодӣ” изҳор намуд, ки танҳо дар сурати ҷиҳати истирдоди Д. Атовуллоев аз ҷониби Русия расман тақозо намудани Додситонии кулли Тоҷикистон назари худ ба амалкарди мақомоти кишварро ироъа хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG