Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Крокер аз дахолати Эрон дар умури Ироқ


Normal 0

Сафири Амрико дар Ироқ Раян Крокер Эронро ба маҳзи талоши мамониат ба ахзи созишномаи нави амниятӣ байни Амрикову Ироқ ба боди танқид кашид. Крокер ба Associated Press гуфт, баёнияҳои шахсиятҳои сиёсиву мазҳабӣ дар Теҳрон дар музокироти дуҷонибаи байни Бағдоду Вошингтон дасти дахолат доштани Эронро бармало мекунад.

Музокирот бар сари созишномае, ки бояд мақоми нирӯҳои Амрико дар Ироқро барои дарозмуддат таъйин кунад, қарор аст, то поёни сол анҷом ёбад. Раян Крокер аммо гуфт, Эрон мехоҳад бо ҳифзи сӯъитавозун дар Ироқ тавони назорати авзоъ дар ин сарзамини арабиро дар дасти худ нигоҳ дорад.
XS
SM
MD
LG