Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров мухолифи таҳримоти нав алайҳи Эрон аст


Normal 0

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ба бовари Маскав, ҳоло фурсати эъмоли таҳримоти ҷадиди байналмилалӣ алайҳи Эрон ба маҳзи аз қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниум саркашӣ кардани он кишвар нест. Сергей Лавров, ки дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк сӯҳбат мекард, гуфт: “Мо дар воқеъ, бар ин назар будем ва ҳастем, ки феълан фурсат барои баррасии пешниҳоди эъмоли ҳар навъ таҳримоти нав алайҳи Эрон чӣ дар сатҳи вазирон ва чӣ дар дигар сатҳ муносиб нест.”

Ин дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, аъзои ША СММ бар сари тарҳи нави қатъномаи Эрон ба тавофуқ наздик шудаанд.

Раъйгирии ин қатънома дар ША дар ҳафтаи оянда доир хоҳад шуд. Амрикову муттаҳидини аврупоияш ҷонибдори эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эрон буданд, вале бо исрори Русияву Чин тарҳи нав фарогири кадом таҳримоти наве набуда, ҳамон се бастаи қаблии таҳримоти эъмолшударо аз нав таъйид мекунад.


XS
SM
MD
LG