Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роҳзанҳо киштии украиниро ба асорат гирифтаанд


Вазорати корҳои хориҷии Украина изҳор намудааст, ки роҳзанҳои баҳрӣ дар соҳилҳои Сомалӣ як киштии Украиниро ба асорат гирифтаанд. Вазорат мегӯяд, капитани киштӣ маълумот дод, ки шоми панҷшанбе силоҳбадастон савори се киштии хурд киштии украиниро иҳота намуданд. Ба қавли капитани укнраинӣ аз миёни 21 узви дастаи киштӣ се нафар шарҳванди Русия, як нафар шаҳрванди Латвия ва боқимонда украинӣ ҳастанд. Соли равон роҳзанҳои мусаллаҳ дар обҳои соҳилии Сомалӣ беш аз 30 киштиро ба асорат гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG