Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Маскав собиқ фармондеҳи чечен ба қатл расид


Дирӯз дар Маскав силоҳбадасти номаълум собиқ фармондеҳи гурӯҳи мусаллаҳи чечен Руслан Ямадаевро ба қатл расонд. Ҳамла замоне ба вуқӯъ пайваст, ки мошини Ямадаев дар назди чароғи роҳ таваққуф кард. Руслан ба бародараш Сулим Ямадаев дар ҷанги аввали Чеченистон, яъне солҳои 1995-96 дар сафҳои размандагони истиқлолталаб меҷангиданд.
Дар соли 1999 бошад, ҳар ду бародар ба нерӯҳои рӯ ба Маскав ҳамроҳ шуданд. Дар ин муддат Ямадаев вазифаҳои комменданти низомии Чеченистонро иҷро намуда, дар солҳои 2003-2007-ум вакили мардумӣ аз ҳизби Русияи воҳиди пуштибони Кремл будааст.
XS
SM
MD
LG