Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори тасодуфии раҳбари гурӯҳи худмудофиаи ироқӣ


Сарбозони амрикоӣ тасодуфан як раҳбари гашт ё худ патрул дар маҳаллаи мусулмонони суннимазҳаби Ироқро ба қатл расонданд. Низомиёни ИМА мегӯянд, фарди кушташуда узви гурӯҳе бо номи "Фарзандони Ироқ" буд, ки аз тарафи ИМА пуштибонӣ мешавад. Ба қавли низомиёни амрикоӣ тасодуф ҳангоми кофтукови як хонаи ошӯбгарон дар шаҳри Байҷии вилояти Салоҳуддин ба вуқӯъ пайваст.

Гурӯҳҳои суннимазҳаби Ироқ посгоҳҳои низомӣ ташкил намуда, амнияти маҳаллаҳои зисташонро таъмин мекунанд. Гуфта мешавад, ки ин гурӯҳҳо дар коҳиши хушунат дар Ироқ саҳм доранд.

XS
SM
MD
LG