Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бернанке ва Полсон дар кумитаи бонкдории Конгресс


Normal 0

Раҳбари Бонки Марказӣ ва вазири молияи Амрико рӯзи сешанбе аз Конгресс даъват карданд, барномаи 700-миллиарддолларии раҳоӣ аз бӯҳронро зуд қабул кунад. Берн Бернанке ва Ҳенрӣ Полсон кумитаи бонкдории Конгрессро ҳушдор доданд, ки бидуни посух боқӣ гузоштани мушкилоти молӣ пайомадҳои мудҳише барои иқтисоди Амрико дар пай хоҳад дошт.

Барномаи пешниҳодӣ аз ҷумла аз сӯи давлат харидорӣ шудани қарзҳои бади бонкҳову дигар ниҳодҳои молиро дар назар дорад.

Президенти Амрико Ҷорҷ Буш низ имрӯз қабл аз суханрониаш дар Маҷмаъи умумии СММ раҳбарони ҷаҳонро итминони хотир дод, ки Амрико ба хотири расидагӣ ба бӯҳрони молӣ қотеъона иқдом хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG