Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон мегӯяд, ҳавопаймои Русияро суқут додааст


Normal 0

Гурҷистон мегӯяд, як ҳавопаймои наворбардори бидуни сарнишини Русияро дар ҳарими ҳавоии худ суқут додааст. Сухангӯи вазорати дохилаи Гурҷистон Шота Утиашвили гуфт, ин ҳавопайморо рӯзи душанбе дар канораи шаҳри Горӣ, дар наздикии марз бо минтақаи ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ, суқут додаанд. Ӯ афзуд, ки ин ҳавопаймо аз як минтақаи ҳоили таҳти назорати нирӯҳои Русия ба парвоз даромада буд.

Мақомоти Русия аммо хабари суқути ҳавопаймои ҷосусии худ дар осмони Гурҷистонро радд мекунанд.


XS
SM
MD
LG