Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи байналмилалии сулҳ дар Афғонистон эҳтиром шуд


Мансабдорони СММ мегӯянд, ки дирӯз дар аксари кулли манотиқи Афғонистон силоҳҳо хомӯш буда, ҷонибҳои даргир Рӯзи байналмилалии сулҳро эҳтиром намуданд.
ИМА, паймони НАТО, нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва Толибони силоҳбадаст ваъда доданд, ки ҳамлаҳояшонро мутаваққиф мекунанд. СММ изҳор намуд, ки ҷонибҳо ба ваъдаашон содиқ монданд. Бо пешниҳоди СММ Рӯзи байналмилалии сулҳ ҳамчун рӯзи худдорӣ аз хушунат ва оташбаси саросарӣ 26 сол инҷониб ҷашн гирифта мешавад.
XS
SM
MD
LG