Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил дар рӯ ба рӯи ташкили ҳукумати нав аст


Сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт расман аризаи истеъфояшро ба президенти ин кишвар Шимон Перес тақдим намуд. Олмерт бо фасод муттаҳам шудааст. Ӯ мегӯяд, бар пояи "қонунҳои ҳокимиятдории хуб" аз мансаб барканор мешавад. Президент Перес иброз доштааст, ки қабл аз пешниҳоди ташкили ҳукумат ӯ бо ҳамаи 13 гурӯҳи парламенти Исроил мулоқот менамояд. Аз эҳтимол дур нест, ки ташкили ҳукумати нави Исроил бар дӯши вазири корҳои хориҷии ин кишвар ва раиси ҳизби ҳокими Кадима хонум Тсипӣ Ливнӣ вогузор гардад.
XS
SM
MD
LG