Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳдиди Аҳмадинажод ба душманони Эрон


Normal 0

Раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мегӯяд, низомиёни кишвараш омодаи рафъи ҳаргуна ҳамла ба ин кишвар ҳастанд. Ҳангоми суханронӣ дар раҳпаймонии бахшида ба 28- умин солгарди хотимаи ҷанги Эрону Ироқ Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, “агар касе барои ҳамла ба ҳарими Эрон ҷасорат кунад, нерӯҳои мусаллаҳи мо дасти ӯро хоҳад шикаст.” Поёни иқтибос. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, иддаъое, ки Эрон пайваста рад мекунад.

XS
SM
MD
LG