Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паёми Алӣ Зардорӣ ба вакилони Покистон


Осиф Алӣ Зардорӣ - раиси ҷумҳури нави Покистон дар нахустин паёмаш ба порлумон гуфт, кишвараш ҳеҷ гуна терористони хориҷӣ ва ё таҳти номи мубориза бо тероризм аз тарафи ягон қудрат халалдор кардани истиқлол ва тамомияти арзии Покистонро таҳаммул нахоҳад кард. Осиф Алӣ Зардорӣ аз ҳукумати Покистон хост, дар иродааш ҷиҳати муқовимат ба нерӯҳои хориҷӣ маҳкам бошад ва нагузорад, ки он нерӯҳо ба қаламрави Покистон ворид шаванд. Осиф Алӣ Зардорӣ ҳамчунин аз порлумони кишвараш хост, то салоҳиятҳои раиси ҷумҳур, бахусус ҳаққи ӯ барои пароканда кардани ҳукумат ва маҷлисҳои вилоятиро кам кунад.
XS
SM
MD
LG