Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯшот дар биржаҳои Русия дубора қатъ шуд


Normal 0

Рӯзи ҷумъа дар зарфи чанд соат фурӯшот дар бозорҳои умдаи бурси Русия ду дафъа қатъ карда шуд. Ҳарду бор далели қатъи фурӯшот босуръат боло рафтани қимати саҳом буд.

Шохиси РТС дар давоми рӯз 20 дарсад ва шохиси ММВБ 26 фоиз боло рафтааст. Алексей Рибников, мудиромили ММВБ, ё худ бозори байналмилалии асъори Маскав рӯзи ҷумъа гуфт: “Ба назари мо, марҳалаи сахттарини бӯҳрон алакай паси сар шудааст. Ба назари мо, эътимод ба низоми молӣ дубора барқарор мешавад ва мо натиҷаашро метавонем дар мизони имроӯзаи рушди қимати бозорҳо бубинем.”

Фурӯшот дар РТС ва ММВБ аз рӯзи чоршанбе таътил шуда буд, вале далели таътилоти аввал, ба фарқ аз ду таътили рӯзи ҷумъа, уфти башиддати қимати саҳом дар ин ду бозор буд.
XS
SM
MD
LG