Пайвандҳои дастрасӣ

Партоби мушаки эҳтимолан амрикоӣ дар Покистон


Мақомоти Покистон гуфтанд, ки як мушаки эҳтимолан амрикоӣ маҳаллеро ба минтақаи қавмнишини Вазиристони Ҷанубӣ дар марз бо Афғонистон партоб шуд. Як масъули ҳукумати Покистон гуфт, ки феълан иттилое роҷеъ ба хисорот ё талафоти ҷонӣ дар даст нест. Аз вуқӯи ин ҳамла дар рӯзе хабар дода мешавад, ки фармондеҳи калони низомии амрикоиҳо адмирал Майкл Мӯллен дар Исломобод ба эҳтироми тамомияти арзии Покистон аз ҷониби ИМА таъкид кард. Мӯллен бо як сафари ногаҳонӣ вориди пойтахти Исломобод шуд, то бо мақомоти мулкиву низомии ин кишвар дидору мулоқот анҷом кунад. Сафари вай дар шароити болоравии танише дар равобити миёни Исломободу Вашингтон дар робита бо амалиёти нирӯҳои амрикоӣ дар қаламрави Покистон сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG