Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ироқ зани маргталаб 20 касро кушт


Полиси Ироқ мегӯяд, ҳангоми ифтор дар шимолу шарқи Бағдод як зани маргталаб худро тарконда, камаш 20 нафари дигарро ба ҳалокат расонд. Ба қавли полис зан худро замоне мунфаҷир кард, ки мардум барои кушодани рӯза ҷамъ шуда буданд. Рӯзҳои ахир дар Ироқ шумораи бомбгузориҳо афзоиш ёфта, ҷараёни коҳиши хушунатро барҳам мезанад. Дирӯз ҳамчунон дар Бағдод ду мошини саршор аз маводи мунфаҷир таркида, ҳаёти 12 касро аз байн бурданд.
XS
SM
MD
LG