Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳви 30 ҷангҷӯ дар Покистон


Мақомоти расмӣ мегӯянд, нерӯҳои Покистон рӯзи якшанбе дар минтақаи ноороми Баҷоури ҳаммарз бо Афғонистон 30 ҷангҷӯеро куштанд, ки бо созмони терористии Ал-қоида иртибот доштаанд. Нерӯҳои Покистон як ҳафта боз аст, ки ба камингоҳҳои тундравон дар ин минтақа бо истифода аз танку чархболҳои ҳамла мекунанд. То кунун дар ин амалиёт 700 нафар аксаран, тундравон кушта ва 260 ҳазор нафари дигар беҷо шудаанд. Артиши Покистон мегӯяд тайи чаҳор рӯзи гузашта, дар ҷараёни амалиёт 200 ҷангҷӯро нобуд кардааст. Пас аз амалиёти эътилофи байналмилалӣ ба зидди Толибон ва Ал-қоида дар Афғонистон дар соли 2001 садҳо тан аз ҷангҷӯён дар манотиқи қабоилнишини Покистон паноҳ бурданд.

XS
SM
MD
LG