Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду табиб дар наздикии Спинболдак


Таркиши бомбае дар дохили мошини маргталабе дар Афғонистон ду табиби корманди СММ ва ронандаи онҳоро ба ҳалокат расонд. Раиси полиси вилояти Қандаҳор Мутеуллохон Қатаҳ гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи якшанбе дар бозори наздикии шаҳри Спинболдак, воқеъ дар марз бо Покистон рӯй дод. Дар натиҷаи ин ҳамла дасти кам 15 нафар захмӣ шуданд. Хабаргузории Ройтерс гуфт, ки масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи Толибон тавассути изҳороте дар сайти интернетие ба дӯши худ гирифтаст.
XS
SM
MD
LG