Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши тоҷикистониҳои ҷаҳон дар Олмон


Дар шаҳри Гиссени Олмон имрӯз ҳамоиши сершумори тоҷикистониҳои ҷаҳон баргузор мешавад, ки бо ташаббуси маркази байналмилалии фарҳангии Entertainment International 21 Century (шаҳри Нюрнберги Олмон) баргузор мешавад. Мудири ин созмони фарҳангӣ Ҷорҷ Делл дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз маҳалли ҳамоиш гуфт, ки дар соатҳои аввали ҷашн, "ҳудудан се ҳазор тоҷикистониҳо ва ё онҳое, ки аз лиҳози фарҳангию отифӣ бо Тоҷикистон робита доранд", ҳозир шудаанд. Дар барномаи имрӯзаи ин ҳамоиш баргузории консертҳои ҳунарӣ, муаррифии ғизои миллии тоҷикон ва инчунин роҳандозии маъракаи хайрияе барои кӯмак ба атфоли ятими Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст. Рӯзи 12 сентябр дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш мулоқоти доираҳои тиҷоративу соҳибкорӣ баргузор шуд, ки ҳадафи он ҳам пайдо кардани роҳҳои ҷалби сармоя ба Тоҷикистон гуфта мешавад. Ҷорҷ Делл гуфт, ки дар ҳамоиши имрӯза ширкати намояндаҳои сафорати Тоҷикистон дар Олмон ҳам дар назар аст. Оқои Делл мегӯяд, худ зодаи Тоҷикистон буда 20 соли пеш ин кишварро тарк кардааст.
XS
SM
MD
LG