Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишори Иттиҳодияи Аврупо ба Русия


Николя Саркозӣ - раиси ҷумҳури Фаронса, имрӯз аз Русия хост, то ба аҳдаш вафо карда ва нерӯҳояшро аз Гурҷистонро хориҷ намояд. Николя Саркозӣ, ки бо раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар шаҳри Маскав мулоқот кард, дар оғози сӯҳбат гуфт, тамоми кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар ин масъала мавқеъи ягона доранд. Ҳангоми мулоқот ҳамчунин ҳайъати Иттиҳодияи Аврупо хостааст, то чандсад нафар аз нозирони иттиҳодия ба зудӣ минтақаи низоъ фиристода шаванд. Аммо вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, ин кишвар мухолифи маъмурияти мустақили нозирони Иттиҳодияи Аврупо дар Гурҷистон мебошад. Пас аз дидору гуфтӯгу дар Маскав Николя Саркозӣ ва ҳайъати Иттиҳодияи Аврупо барои мулоқот бо раиси ҷумҳури Гурҷистон Михайил Саакашвилӣ ба Тифлис мераванд.

XS
SM
MD
LG