Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба иқоматгоҳи фармондеҳи Толибон


Мақомоти амниятӣ ва шоҳидони айнӣ дар Покистон мегӯянд, бар асари ҳамлаи мушакии ҳавопаймои амрикоӣ ба иқоматгоҳи яке аз фармондеҳони Толибон дар минтақаи марзии Вазиристони Шимолӣ 11 нафар кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймои бесарнишин як хона ва як мадрасаи исломиро нишон гирифтааст, ки Ҷалолуддин Ҳаққонӣ як фармондеҳи олирутбаи Толибон аз онҳо истифода мекардааст. Як сухангӯи артиши Покистон таъйид кард, таркише дар наздикии шаҳри аслии ин минтақа Мироншоҳ ба вуқӯъ пайвастааст, вале ҷузъиёти дигаре дар ин бора надод.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG