Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили пирӯзии Зардорӣ дар Покистон


Дар Покистон пас аз эълони натиҷаҳои расмии интихоботи президентӣ таҷлили пирӯзии Осаф Алӣ Зардорӣ, шавҳари сарвазири мақтули Покистон, Беназир Бҳутто идома дорад. Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, Зардорӣ президенти Афғонистон, Ҳомид Карзайро ба ширкат дар расми савганди худ даъват кардааст. Аз 702 узви порлумони Покистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар интихоботи рӯзи шанбе, 481 нафар аз Зардорӣ пуштибонӣ карданд. Дар аввалин суханаш Зардорӣ гуфт, ба гиромидошти хотираи ҳамсараш Беназир Бҳутто мардумсолориро дар Покистон эҳё хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG