Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо хоҳони таҳқиқи ҷанги Русияву Гурҷистон аст


Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар андешаи қабули изҳороти муштараке роҷеъ ба шурӯи таҳқиқоти ҷанги мусаллаҳонаи миёни Русия ва Гурҷистон дар моҳи август ҳастанд. Вазири хориҷаи Бритониё Дейвид Миллибанд ва вазирони дигар дар оғози нишасти дурӯзаи худ дар Авинёни Фаронса гуфтанд, ки барои пайдо кардани омилони иттиҳомоти марбут ба поймолшавии ҳуқуқи инсон дар тӯли ҷанги панҷрӯзаи Қафқоз бояд таҳқиқоте анҷом шавад. Вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ба тавофуқ расиданд, ки барои ҳалли мусолиматомези вазъият бояд як ҳайати баландпояи намояндагон ташкиш шавад. Дар ҳамин ҳол, вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс гуфт, аз паёмҳои мушаххаси Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА дар бораи маҳкумияти Русия аз иқдомҳояш нисбати Гурҷистон хеле қаноатманд аст. Райс афзуд:

"Ман мутмаинам Русия дарк мекунад, ки худро дар инзивои бештар қарор додааст ва роҳи дигаре ба ҷуз иҷрои ӯҳдадориҳо ва тағйир додани рафтораш надорад".

Райс имрӯз бо як сафари кӯтоҳ дар Португалия буд ва ин изҳоротро дар ҳамон ҷо ироа кард. Дар нишасти ахири бахшида ба Гурҷистон, Иттиҳодияи Аврупо иқдомоти Маскавро дар ин кишвари қафқозӣ маҳкум кард, аммо барои ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Маскав - таъминкунандаи аслии захираҳои энержиаш худдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG