Пайвандҳои дастрасӣ

"Кӯмакҳои башарӣ - кӯмакҳои низомӣ нест"


"Моунт Витни", як киштии бузурги нирӯҳои дарёии Амрико ба соҳилҳои шаҳри бандарии Потии Гурҷистон расид. Ин нахустин киштии амрикоист, ки баъди низои Русияву Гурҷистон ба ин кишвар мерасад. Моҳи гузашта шаҳри Потӣ мавриди бомборони нирӯҳои русӣ қарор гирифт ва ҳанӯз ҳам ин шаҳрро низомиёни Русия назорат мекунанд. Мақомоти Амрико гуфтанд, ки киштӣ кӯмакҳои башариро ба Гурҷистон интиқол медиҳад. Ин сеюмин киштии ҳомили кӯмакҳо аст, ки ба Гурҷистон фиристда мешавад, аммо дафъаҳои пеш ду киштӣ дар обҳои Батумӣ, ҷануби Потӣ қарор гирифта буд. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар маросими вижаи ироаи кӯмакҳо ба мақомоти Гурҷистон Ҷон Мур, фармондеҳи нирӯҳои вижаи имдодрасони артиши дарёии Амрико гуфт:


"Дар киштиҳое, ки мо ба Гурҷистон меорем, аслан ҳеҷ гуна аслиҳа ва ё чизе мисли ин вуҷуд надорад. Ин як ҳайатест иборат аз борҳои комилан башарӣ ва мавриди ниёзи аввалия".

Соате пеш аз ин сухангӯи вазори хориҷаи Русия бо пахши изҳороте иддао кардаааст, ки киштии мазкур ҳомили кӯмакҳои низомӣ ба Гурҷистон мебошад.

XS
SM
MD
LG