Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудошавии пораи азими ях дар обҳои уқёнуси Шимолӣ


Донишмандон гузориш медиҳанд, ки қисмати азими яхи арктикии Канада дар гармиҳои тобистон ба эҳтимоли зиёд бо сабаби гармоиши иқлим шикастааст. Масоҳати ин пораи азими ях 50 километри мураббаъ гуфта мешавад, ки ҳанӯз моҳи август ҷудо шуда акнун дар обҳои уқёнуси Шимолӣ шино дорад. Дар маҷмӯъ, ба иттилои донишмандон дар тамоми мавсими тобистони имсола ҳудудан 200 километри мураббаъ яхи Канада нобуд шудааст. Дерек Мюллер, мутахассиси яхшинос дар донишгоҳи Тренти Канада мегӯяд, тағйироти мазкур ҷуброннопазир аст ва нишон медиҳад, ки чӣ гуна тағйироти иқлим боиси аз байн рафтани пораҳои чандинҳазорсолаи яхҳо мешавад.
XS
SM
MD
LG