Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сара Пэйлин ёри интихоботии Маккейн шуд


Волии Аляска Сара Пейлин эълон кард, ки номзадии ҳизби ҷумҳуриҳоҳро барои муовини раёсатҷумҳурӣ дар паҳлӯи номзади президентии ин ҳизб Ҷон Маккейн мепазирад. Суханронии вай дар анҷумани ҳизбӣ, ки дар Сан-Паулаи Миннесота шоми чоршанбе ҷараён гирифт, садо дод. Ин барои нахустин бор дар таърихи ҳизби ҷумҳурихоҳ аст, ки як зан ба унвони номзади муовини раёсатҷумҳурӣ интихоб шавад. Ҷумҳурихоҳҳо расман Ҷон Маккейнро мехоҳанд номзади ҳизби худ дар интихоботи ноябрӣ пешбарӣ кунанд ва шоми имрӯз қарор аст, ки вай ба таври расмӣ номзадиашро бипазирад.
XS
SM
MD
LG